ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муҳити зист барои солим нигоҳ доштани одам ва фаъолиятнокии ӯ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки хона, ҳавлӣ ва атрофи он ба талаботи муайяни санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй бошанд. Қобили қайд аст, ки вақти таъмири хона, вобаста ба шароит, на танҳо ҷойҳои вайронро таъмир кардан зарур меояд, балки камбудиҳоеро, ки пештар буданд, мутобиқи имкон бартараф кардан лозим аст. Дар ҳолате ки гирду атрофи хона тозаю мусаффо бошад, дохили хона ҳам тоза мемонад. Ҳар ҳафта ҷуйборҳои назди хона ва ҳавлиро тоза кардан лозим аст, то ин ки маҷрои об озод шуда, аз ҷиҳати санитарӣ ҷавобгӯи талабот бошад.

Дар ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сохтани  қубурҳои обгузар ва тоза намуди ҷуйборҳои гирду атрофи корхонаву маҳалли зист камари ҳиммат бастанд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромаданд. Аз рафти кор Ватанзода У.В. мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дидан намуд.

Мавриди  зикр  аст,  ки чунин корҳои ободонӣ дар ин мавзеъҳо ҳамасола аз тарафи аъзоёни ҳизб гузаронида мешавад ва дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон имрӯзҳо корҳои созандагиву ободонӣ авҷ доранд.