Аксияи ҳизбӣ зери  унвони “Рӯзи ёдоварӣ”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш якчанд иқдомҳои ободониву созандагиро  мавриди амал қарор доданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, оид ба тоза намудани ҳудудҳои оромгоҳҳо Аксияи ҳизбӣ зери  унвони “Рӯзи ёдоварӣ” бо иштироки волонтёрон, намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан»  гузаронида шуд.

Пос доштани оромгоҳҳо яке аз анъанаҳои неки миллиамон мебошад ва моро зарур аст, ки насли имрӯзаро дар руҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ тарбия намоем, то ин ки аз гузаштагони худ мероси илмию ахлоқӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро омӯзанд ва аз гузаштагони худ ифтихор намоянд. Ин чорабинии оммавӣ дар асоси нақшаи  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, роҳандозӣ шуда, то имрӯз миёни мардум  ҳамовозии зиёд пайдо кардааст.