Корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Вахш бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи алоҳида ва бо мақсади рушди деҳот сохтмони як қатор иншоотҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба мардум пешбинӣ гардидааст.                          

Дар ноҳияи Вахш корҳои ободонию созандагӣ бо вусъати тоза идома доранд. Чунончӣ санаи 19-июни соли равон бо ташаббуси масъулини МИҲД-и ноҳияи Вахш ва Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш-Салимова Сабоҳат

оиди ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ боздид ба амал оварда шуд. Суратгузориши мазкур аз рафти омодагиҳо ба ҷашни 35– солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷараёни фаъолияти гурӯҳи кории ба ин ҷашн таъсис додашуда дарак медиҳад. Маълум гардид, ки корҳои ободонӣ ва созандагӣ аз қабили сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ, маркази саломатӣ ва дигар сохтмонҳои ҷашнӣ бо маром идома доранд.

Чунин корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия давом доранд.