САНГФАРШКУНӢ ДАР ТИ Ҷ/Д. “ТОҶИКОБОД”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфарш намудани роҳҳои мошингарди деҳаҳо камари ҳиммат бастанд.                                            

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона  баромада  1 км роҳи мошингарди деҳаи  Фидокор  сангфарш карда истодаанд.                                                                              

Мавриди  зикр  аст,  ки чунин корҳои ободонӣ дар ин мавзеъҳо, аз тарафи аъзоёни ҳизб гузаронида мешавад. Воқеан  дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои  созандагиву ободонӣ авҷ доранд.