САНГФАРШКУНӢ ДАР АВҶ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар  Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфарш намудани роҳҳои мошингарди деҳаҳо камари ҳиммат бастанд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона  баромада  1,5 км роҳи мошингарди деҳаи  8-мартро сангфарш карда истодаанд.

Мавриди  зикр  аст,  ки чунин корҳои ободонӣ дар ин мавзеъҳо, аз тарафи аъзоёни ҳизб гузаронида мешавад. Воқеан  дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои  созандагиву ободонӣ авҷ доранд.