ЗАМИН- САРЧАШМАИ ҒИЗОДИҲАНДА

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯриашон ба сокинони мамлакат барои самаранок истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва аз он рӯёнидани на камтар аз ду ҳосил рӯ оварда, таъкид бар он менамояд, ки рӯёнидани ҳосили дилхоҳ аз заминҳои наздиҳавлигӣ, иҷоравӣ ва деҳқонӣ ягона воситаи ба маҳсулоти асосии зиндагӣ таъмин намудани аҳолӣ ва фаровонии бозори дохилӣ мебошад. Дар ноҳияи Вахш, ки соҳаи асосии онро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, истифодаи самараноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ шуғли асосии аҳолӣ ва манбаи рӯзирасони мардум ба ҳисоб меравад. Сокинони ноҳия имрӯзҳо бо истифода аз рӯзҳои гарму офтобӣ дастаҷамъона ба кишту кор машғуланд. Онҳо бо дарки вазъи буҳронии ҷаҳон кӯшиш бар он доранд, ки аз ҳар як ваҷаб замин самаранок истифода намоянд .

Кормандони Кумитаи ироияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар асоси дастуру супориши Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамарӯза бо усули хона ба хона ва дар саҳро ба мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуда, ба онҳо дар бораи истифодаи самаранок ва мақсадноки замин ва аз он рӯёнидани ҳосили дилхоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Санаи 18-майи соли равон  масъулини Кумита чунин суҳбату вохӯрӣ ба сокинони Ҷамоати деҳоти Машъал гузарониданд. Соҳибхонаҳо барои ҳамкорӣ ва додани маслиҳат ба кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия изҳори миннатдорӣ карданд ва ҳамчунин дилпурона гуфтанд, ки аз заминҳои дар ихтиёрдоштаашон самаранок ва мақсаднок истифода менамоянд.