Ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои ташаббускор"

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш имрӯз 18 майи соли 2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш ба ифтихори “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ҳамоиши ҳизбӣ  таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои ташаббускор"  баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур  муовини раиси ноҳияи Вахш Мамадализода Гулҷаҳон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш-Салимова Сабоҳат, масъулини Кумита ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Худойбердиева Ҳалима бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳамоиш, бо ифтихор аз раванди таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар саросари мамлакат гуфт:  Ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, нерӯи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста мебошад. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату Ҳукумат қадрдонии шоиста шудаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомўзиву донишазхудкунӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳисси ватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд.

Дар заминаи ташаббуси Президенти кишвар аз 22-юми майи соли 1998 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардид. Аз соли 1998 инҷониб дар кишвар 23-юми май Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ба таври расмӣ қайд мегардад, ки ин аз мавқеъ ва мақоми хосса доштани ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзӣ интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, Ҳимояи Ватан, рушди техника ва бунёдкорӣ равона созанд – гуфт Худойбердиева Ҳалима.

Раиси  КИ ҲХДТ дар Вахш- Салимова Сабоҳат зимни баромади хеш иброз намуданд, ки “Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимои Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси давлатро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.Ҷавонони давраи муосир дар ҷаҳонишавии ҷомеаи Тоҷикистони азиз азму ирода ва кўшишу талошҳои роҳбарияти ҷумҳуриро дастгирӣ карда, барои обод кардани кишвар, мустаҳкам шудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда истодаанд. Хушбахтона, имрўз ҷавонон чун номбардорони насли ҷасуру ватанхоҳ парчами дар роҳи истиқлолият афрўхтаи падаронро бо садоқату мардонагӣ чун гавҳараки чашм нигаҳдорӣ мекунанд".