АҲСАН БА АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ Ҷ/Ш КИРОВ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муҳити зист барои солим нигоҳ доштани инсон ва фаъолиятнокии ӯ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки корхона, ҳавлӣ ва атрофи он ба талаботи муайяни санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй бошанд.                  

Қобили қайд аст, ки вақти таъмири муассиса ё корхона, вобаста ба шароит, на танҳо ҷойҳои вайронро таъмир кардан зарур меояд, балки камбудиҳоеро, ки пештар буданд, мутобиқи имкон бартараф кардан лозим аст. Дар ҳолате ки гирду атрофи корхона тозаю мусаффо бошад, дохили корхона ҳам тоза мемонад.

Дар Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ саҳми худро гузошта истодаанд, аз ҷумла ба таъмир намудани утоқҳои корӣ ва сангфарш намудани ҳавлии ҷамоат камари ҳиммат бастанд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона баромада, дохили бинои Ҷ/ш Кировро таъмир карда истодаанд.

Мавриди  зикр аст, ки чунин корҳои ободонӣ дар ин мавзеъҳо, аз тарафи аъзоёни ҳизб гузаронида мешавад. Воқеан ҳам дар ин рӯзҳо, ки дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ авҷ доранд.