Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Оилаи солим-Ҷомеаи солим”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш, аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Оилаи солим –Ҷомеаи Солим”  дар роҳравҳои маркази  ноҳияи Вахш  гузаронида шуд. Намояндаи ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш-Ғуломова Рузигул  ба сокинони ноҳия буклетҳо бо навиштаҷоти Оилаи солим –Ҷомеаи Солим -ро  тақсим намуданд.

Ҷомеаи солим, аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Мусаллам аст, ки асоси ҷомеаи солимро оилаи солим ва насли солим ташкил медиҳад. Оиладорӣ яке аз рукнҳои арзишмантарини ҷомеа аст. Инсон дар ҳаёт ба ҳамрадифи ҳаётӣ ниёз дорад, зеро табиати инсонӣ танҳо офарида нашудаст. Вақте ки шахс оила барпо мекунад, дар худ оромишу таскинро мебинад. Маҳз дар натиҷаи издивоҷ кардан вуҷуди солимтару оромтареро эҳсос менамояд.