ОИЛАИ СОЛИМ –ҶОМЕАИ СОЛИМ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад. Мусаллам аст, ки асоси ҷомеаи солимро  оилаи солим ва насли солим ташкил медиҳад. Ин нуқтаи муҳим дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гашта буд. Самимияту вафодорӣ, муҳаббату садоқат ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ, ки аз ҷумлаи беҳтарин арзишҳои инсонӣ маҳсуб меёбанд, маҳз дар доираи оила ташаккул ёфтаанд.

 Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани “Рӯзи байналмилалии оила”  санаи 15 майи соли равон дар толори САҲШ-и ноҳияи Вахш чорабинӣ бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Салимова С, мудири бахши САҲШ-и ноҳия-Давлатзода Парвина, мудири бахши кор бо занони МИҲД-и ноҳия Расулова Т ва  намояндагони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Вахш, оилаҳои намунавӣ ва навхонадорон иштирок намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби  САҲШ-и ноҳияи Вахш ба навхонадорон, оилаҳои намунавӣ тӯҳфаҳои рамзӣ ва ба навзодон шаҳодатнома тақдим карда шуд. Дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ аҳли оилаҳо аз таҷрибаи рӯзгордорӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва наберагон, сабру таҳамулпазирӣ дар ҷараёни оиладорӣ, якдигарфаҳмӣ, мутаҳиддӣ ибрози андеша намуданд. Қайд карда шуд, ки падару модар барои фарзандон бояд, ки намунаи ибрат бошанд. Дар оилае, ки меҳру муҳаббат, эҳтирому якдигарфаҳмӣ байни аъзои оила бошад он оиларо оилаи солим номидан мумкин аст. Ҷавонони имрӯзаро мебояд қабл аз бунёди оила фарҳанги оиладориро ба хубӣ омӯзанд.