БАРГУЗОРИИ "ХОНИШИ СИЁСӢ" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МАОРИФЧИЁН”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ "Хониши сиёсӣ" бо иштироки кормандони масъули Кумита баргузор карда мешавад.

Ин ташаббус бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, дӯст доштани Ватан, ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи ҷавонписарон дар рӯҳияи ҳарбӣ-Ватандӯстӣ мебошад.

Санаи 12-уми майи соли равон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и МТМУ №61 ҷ/д Машъал бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш – Салимова С.В. “Хониши сиёсӣ” баргузор гардид. Вобаста ба мавзуъҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ҳарбии ватандӯстии шаҳрвандон”, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар рӯҳияи Ватаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани мақому манзалати занон, пешгирии  таълимоти дини ғайрирасмӣ, пешгирии худсӯзию худкушӣ дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми  навбатии хеш ироа намуданд ва омода намудани даъвати ҷавонон ба хизмати  ҳарбӣ суханронӣ намуданд. 

Ҳамчунин оиди самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ суханронӣ намуданд.