ВУСЪАТИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар саросари кишвар созандагию ободкорӣ дар авҷ аст ва ҳар рӯз шаҳру ноҳияҳо, деҳкадаву деҳаҳо пеши назари мардум симояшонро тағйир медиҳанд. Ҳамаи ин аз роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат аст. Азбаски муҳаб­баташон дар дили сокинони кишвар ҷо гирифтааст, ҷавонмардони баору номус ва ватандӯсту миллатпарварро, ки имкони молиявӣ доранд, водор менамояд дар ободкориҳо саҳм гузоранд.

Хушбахтона, сафи соҳибкороне, ки зодагони Вахш мебошанд, сол то сол зиёд мегардад ва чанде аз онҳо, ки дар Россия фаъолият доранд, дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муттаҳид шуда, моро дастгирӣ менамоянд.

Санаи 11 –уми майи  соли равон  дар кучаи  Ҷамоати шаҳраки Киров,  аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб корҳои ободонӣ бо маром идома дорад.  

Мумфаршкунӣ яке аз самтҳои асосии ташаббуси дар боло зикр гардида, баҳисоб рафта, аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорон 1000 метр роҳҳои мошингарди Ҷамоати шаҳраки Киров мумфарш карда шуд. Корҳои ободонию созандагӣ вусъат ёфта истодаанд.