Ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони "Аҳамияти эълони соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо"

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш имрӯз 11 майи соли 2023 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ба ифтихори “Соли 2025-соли ҳифзи Пиряхҳо” ҳамоиши ҳизбӣ  таҳти унвони "Аҳамияти эълони соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо"  баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш-Салимова Сабоҳат, масъулини Кумита ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд. 

Ҳамоиш бо дидани ҳунарҳои мардумӣ шурӯъ шуд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Салимова С.В. бо сухани ифтитоҳӣ ба ҳамоиш, бо ифтихор аз раванди таҷлили “Аҳамияти эълони соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар саросари мамлакат гуфт: "Дар кишвари соҳибистиқлоламон аз ҷониби тамоми ниҳодҳои давлатӣ ба ифтихори ин санаи таърихӣ чорабиниҳои гуногуни илмиву амалӣ, ҳамоишҳо баргузор гардида истодаанд. Ин раванд боис мегардад, ки мо дар якҷоягӣ бори дигар аз меъёрҳои асосии қонуни асосии кишвар бархурдор мегардем ва зиндагии худро ба ин санади тақдирсоз мутобиқ месозем. Дар ин замина ҲХДТ низ ҳамчун татбиқгари сиёсати идеологии давлат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ мешуморад ва ҳамасола дар ин самт корҳои назаррасро анҷом медиҳад". 

Раиси  КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро-зимни баромади хеш дар мавзӯи "Соли 2025-соли ҳифзи Пиряхҳо", аҳамияти Пирях дар ҳаёти мардуми кишварро шарҳ дод.

Дар идомаи ҳамоиш  дигар меҳмонони чорабинӣ ба сухан баромада, доир ба моҳияти Пиряхҳо  ва вазифаи муассисии он изҳори ақида намуданд.