Ватан сарчашмаи илҳоми ман!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4 майи соли 2023 бахшида ба Иди “Ғалаба” тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш бо ташаббуси масъулини Кумита ва ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” дар толори Кумита озмуни “Иншои беҳтарин” таҳти унвони «Ватан сарчашмаи илҳоми ман » доир гардид. 

Дар озмуни мазкур масъулини кумита, намояндагони ташкилотии ибтидоии “Маорифчиён” ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ноҳия иштирок намуданд.

Дар фарҷоми озмуни мазкур ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3, муайян карда шуда, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш сарфароз гардонида шуданд.