Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №4 ноҳияи Вахш

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29-уми апрели соли 2023  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ноҳияи Вахш Соати сиёсӣ дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” гузаронида шуд.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ҷамоати деҳоти  20-солагии Истиклолияти ноҳия ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳим ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 зимни мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат оид ба “Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ” таъкид бар он дошта буданд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу диннии худро ба як низоми муайян надарорем, хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем ва ба зоҳирпарастии беасос хотима нагузорем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем. Маврид ба зикр аст, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баргузории ҷашну маросимҳо ва харҷу сарфи маблағҳои зиёд, куштани зиёди чорво роҳ дода мешуд, ки ҳамаи ин ба зиндагии рӯзмарраи мо таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардид. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат, ҳамчун Роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, зимни машваратҳо бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчӣ зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷотҳои зиёд - ин қабули қонун аст.

Ҳамин буд, ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардид.

Қонуни мазкур бо тақозои давр анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Мусаллам, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тӯлонӣ дошта, нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ дар тарбияи насли наврас хело бузург мебошад.

То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” вазъи иқтисодӣ ва моддию молиявии мардум аз сабаби сарфу харҷи беҳуда ва риояи расму оинҳои сермасрафе, ки ба сари мардуми мо таҳмилӣ бор гашта буданд, бисёр ногувор ва нигаронкунанда буд.

Дар машғулиятҳои доиргардида инчунин аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шарҳу тавзеҳо дода шуд.