Кӯмаки хайриявӣ дар арафаи иди Фитр, аз тарафи КИ ҲХДТ ноҳияи Вахш

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдати камбизоатон дар арафаи иду айёмҳо ва хабар гирифтани аз ҳолу аҳволи онҳо яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддию пулӣ карда мешавад.
Бо ин мақсад санаи 19-уми  апрели  соли 2023 ба муносибати  Иди Саиди Фитр, масъулини Кумита ба  аёдати  сокини ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ” Эркаева Гулчеҳра рафтанд, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахшу шодмонӣ аз ҳолу аҳволи эшон хабар гирифтанд ва ба ӯ, аз қабили орд, равған, шакар, тухм ва дигар масоили рӯзгор кӯмаки яквақтаинаи хешро расониданд.
Масъулини Кумита зимни дидорбинӣ Иди саиди Фитро ба Эркаева Г  табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва хушнудии рӯзгорро орзу намуданд. Зимни аёдат сокини ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ” Эркаева Гулчеҳра аз амалҳои хайр ва ғамхории Пешвои миллат,  изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон дуои нек карданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин иқдоми нек дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста идома дорад ва масъулини ноҳияи Вахш, аз ҷумла аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ ва  Кормандони Кумита дар ҳар иду ҷашнвораҳо аз ҳолу рӯзгори пирону маъюбон ва собиқадорони меҳнатӣ дидан намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба ин қишри ҷомеа кумакҳои пулӣ ва моддӣ расонида мешавад.