КИТОБ –САРМОЯИ ХИРАД

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке аз самтҳои афзалиятнокии ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳозира кор дар самти тарбияи ватанпарастӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҳайати шахсии Кувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Кувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои низомӣ барои пешбурди хизмати афсарону сарбозон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар назди хонаҳои фарҳангии қисмҳои низомӣ китобхонаҳои замонавӣ фаъолият карда истодаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши афсарону сарбозон, дар руҳияи садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстию ватанпарастӣ ва дар асоси барқияи телефонии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 14 марти соли 2023 таҳти рақами 10, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш барои таъмин намудани иҷрои барқия  дар ҳудуди ноҳия ва байни ташкилотҳои ибтидоӣ аксияи ҳизбиро роҳандозӣ намудааст.