Кӯмаки хайриявӣ дар арафаи иди саиди Фитр

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдати камбизоатон дар арафаи иду айёмҳо ва хабар гирифтани аз ҳолу аҳволи онҳо яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддию пулӣ карда мешавад.
Бо ин мақсад санаи 18 апрели соли 2023 ба муносибати Иди Саиди Фитр, Раиси  КИ ҲХДТ ноҳия Вахш Салимова С.В ва масъулини Кумита ба  аёдати сокинони ҷамоати шаҳраки Вахш Қувватова Бибихол ва Маҳмадалиева Зайнура рафтанд. Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахшу шодмонӣ аз ҳолу аҳволи эшон хабар гирифтанд ва ба онҳо, аз қабили орд, равған, шакар, тухм ва дигар масоили рӯзгор кӯмаки яквақтаинаи хешро расониданд.

Раиси Кумитаи мазкур зимни аёдат Иди саиди Фитро ба ҳар як оилаи онҳо табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва хушнудии рӯзгорро орзу намуданд. Зимни аёдат камбизоатон аз амалҳои хайр ва ғамхории Пешвои миллат, изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон дуои нек карданд.

Ёдовар мешавем, ки чунин иқдоми нек дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста идома дорад ва масъулини ноҳияи Вахш, аз ҷумла аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ ва  Кормандони Кумита дар ҳар иду ҷашнвораҳо аз ҳолу рӯзгори пирону маъюбон ва собиқадорони меҳнатӣ дидан намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба ин қишри ҷомеа кумакҳои пулӣ ва моддӣ расонида мешавад.