Тақвияти кор дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистони бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавию асосии давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Ин ташкилоти қудратманд тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳо Оиномаву барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандеро ба роҳ мондааст.

Субҳи имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар доираи рӯзи тақвияти кори дохилиҳизбӣ дар бинои Кумитаи иҷроия оид ба танзими ҳуҷҷатҳо, ҷо ба ҷокунии варақаҳои шахсии узви ҳизб, нигоҳ дошти ҷузъгирҳои ташкилотҳои ибтидоӣ як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.