Шаҳодатномаи ман - ифтихори ман!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан аз танинадоз будани сулҳу субот ва оромӣ дар Тоҷикистони азизамон шаҳодат медиҳад. Чунки ягона ҳизбе, ки тавонист, мардумро ба сарбаландӣ, иттифоқию дустӣ оварад, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси муаззами ҲХДТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. 

Имрӯзҳо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш барои ба сафи ҲХДТ дохил шудан, дар ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаҳо ва дар байни шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Баъди чунин суҳбатҳои судманд як гурӯҳ кормандони муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  №29-и ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш барои ба сафи ҲХДТ аъзо шудан аризаҳои худро пешниҳод намуданд.
Рӯзи 14 апрели соли равон аз ҷониби мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ғуломова Рӯзигул ба кормандон дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбиашон супорида шуд.