НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ МО-ҲИЗБИЁН!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ муқарар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба дидорбинии се нафар маъюби гурӯҳи 1-уми сокинони Ҷамоати шаҳраки Вахш  Гулова Сайлигул,  Назаров  Бобохон  ва  Қаюмов  Ҳусниддин сокини ҷамоати  деҳоти Машъал ба ҳар яки онҳо нафақаи ҳизбии моҳи ноябр дар ҳаҷми 500 сомонӣ дастрас намуданд. Дар ҳақиқат дасти кӯмак дароз намудан ба ниёзмандон, айёдати беморон хайру савоб ба ҳисоб меравад.