Таваҷҷуҳ ва дастгирии оилаҳои ниёзманд!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ санаи 31-уми марти соли равон дар доираи амалӣ намудани ташаббусҳои ҳизбӣ аз тарафи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш аз иқдомҳои пайвастаи меҳрпарварона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, аз шароити камбизоатон дидан намуда, ба як оила кӯмаки яквақтаина ва маводҳои ғизоӣ аз қабили орд, равған, биринҷ тақдим карда шуд.