Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Вахш ба авҷи сомон расида истодааст

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муҳити зист барои солим нигоҳ доштани ҳар як инсон ва фаъолиятнокии ӯ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки хона, ҳавлӣ ва атрофи он ба талаботи муайяни санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй бошанд. Қобили қайд аст, ки вақти таъмири хона, вобаста ба шароит, на танҳо ҷойҳои вайронро таъмир кардан зарур меояд, балки камбудиҳоеро, ки пештар буданд, мутобиқи имкон бартараф кардан лозим аст. Дар ҳолате ки гирду атрофи хона тозаю мусаффо бошад, дохили хона ҳам тоза мемонад.

Дар ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сохтани  Пул (купрук) камари ҳиммат бастанд.

Кормандони Ташкилоти ибтидоии МНДРА ва ъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона  баромада Пули ҷ/д. 20 солагии Истиқлолиятро сохта  истодаанд. Мавриди  зикр  аст,  ки чунин корҳои ободонӣ дар ноҳияи Вахш ҳамасола аз тарафи аъзоёни ҳизб гузаронида мешавад. Воқеан ҳам дар ин рӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ авҷ доранд.