КӮМАК БА ХОНАНДАГОНИ НУҚСИ ЗАБОНДОШТАИ МТМУ №2

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар пайравӣ ба сиёсати хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Вахш дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ барои 60 нафар хонандагони синфхонаҳои махсуси нуқси забондоштаи муассисаи таълимии №2 омӯзгорон ва падару модарон дастархони идона ороста барояшон зиёфати наврӯзӣ пешкаш намуданд.  Дастаи ҳаваскорони муассиса бо шеъру тарона ва рақсҳои дилнишин хотири ҳозиринро шод намуданд. Инчунин айёдати 2 нафар кормандони соҳа, ки дар бистари беморӣ мебошанд, баҷо оварда шуда, кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.