ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ МЕГАРДОНЕМ ВАТАН

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атроф саҳмгузор бошанд.

Ба ҳамин хотир кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳифзи табиат” бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниӽо дар самти корӽои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ аз тарафи аъзои фаъоли ҳизб бо маром идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки кормандони  ин ташкилот бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохиливу берунӣ ва гирду атрофи идора, нарм намудани заминӽову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва барои боз ҳам зеботар намудани коргоҳи худ пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.