ХИЗМАТРАСОНИИ ВОЛОНТИЁРОН БА ПИРОНСОЛОН БАХШИДА БА ИДИ НАВРӮЗ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш санаи 15-уми марти соли равон “Хизматрасонии волонтиёрон ба пиронсолон” бахшида ба “ Иди Наврӯз” таҳти унвони “Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ” баргузор гардид.

Хизмат ба пиронсолон яке аз анъанаҳои неки мо тоҷикон мебошад ва моро зарур аст, ки насли имрӯзаро дар руҳияи хештаншиносию худогоҳии миллӣ тарбия намоем, то ин ки аз гузаштагони худ мероси илмию ахлоқӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро омӯзанд ва аз гузаштагони худ ифтихор намоянд. 

Роҳбари бахши ноҳиявии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо волонтиёрон ба пиронсолон якчанд иқдомҳои ободониву созандагиро  мавриди амал қарор доданд.