ОЗМУНИ “РАСМИ БЕҲТАРИН” БАХШИДА БА ҶАШНИ “НАВРӮЗ”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар раванди созандагиву ободкорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми хоса дошта, аъзои ин ҳизби мардумӣ ҳамчун нерӯи пешбаранда саҳми арзандаеро барои ободӣ ва гул-гулшукуфии кишвар мегузорад. Боиси зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавию асосии давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Ин ташкилоти қудратманд тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳо, Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандеро ба роҳ мондааст.

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш  санаи 13-уми марти соли равон дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази таҳсилоти иловагӣ”-и ноҳияи Вахш озмуни “Расми беҳтарин”  бахшида ба  “Иди Наврӯз” таҳти унвони “Баҳор- фасли пурфайз” баргузор гардид, ки дар он  Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Салимова Сабоҳат ва масъулини Кумита иштирок намуданд.

Дар озмуни мазкур  хонандагони МТМУ №1, 2, 3, 7, 17, 56, литсей ва муассиса-интернати  ноҳияи Вахш иштирок намуда байни ҳамдигар рақобат намуданд.  Мақсади озмун  - ин тарбия намудани хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, эҳтироми падару модар ва калонсолон, таҳамулпазирӣ, меҳнатдӯстӣ мебошад.

Сараввал  Салимова Сабоҳат  ба сухан баромада чунин қайд намуд: Наврӯз — ҷашни Соли Нави мардумони эронинажод аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форс мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав" ва "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст.

Дар охири озмун иштирокчиён соҳиби тӯҳфа ва бо Дипломи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш сарфароз гардиданд.