СӮҲБАТУ ВОХӮРӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҶИТЕРГЕН”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша чорабинии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш 11-уми марти соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷитерген” –и Ҷамоати деҳоти Машъали ноҳияи Вахш вохӯрӣ бо сокинон дар МТМУ №40 доир гардид.          

Дар вохӯрии мазкур Раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш-Салимова Сабоҳат ва масъулини Кумита иштирок намуданд. Сараввал  Салимова Сабоҳат доир ба мавзӯҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи  фарзанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ҳарбии ватандӯстии шаҳрвандон”,  баланд бардоштани  савияи дониши хонандагон дар рӯҳияи Ватаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани мақому манзалати занон, пешгирии  таълимоти дини ғайрирасмӣ, пешгирии худсӯзию худкушӣ дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми  навбатии хеш ироа намудан ва омода намудани даъвати ҷавонон ба хизмати  ҳарбӣ суханронӣ намуданд. 

Дар охири вохӯрӣ аз тарафи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш барои фаъолияти пурсамар, саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафҳои ҲХДТ ва баланд бардоштани эътибору нуфузи ҳизб дар байни ҷомеа, мусоидат намудан дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ бо сипоснома фаъолон сарфароз гардиданд.