БАРГУЗОРИИ "ХОНИШИ СИЁСӢ" ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПЕШҚАДАМ ”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ "Хониши сиёсӣ" бо иштироки кормандони масъули Кумита баргузор карда мешавад.

Ин ташаббус бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, дӯст доштани Ватан, ҷалби онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва тарбияи ҷавонписарон дар рӯҳияи ҳарбӣ-Ватандӯстӣ мебошад.

Санаи 10-юми марти  соли равон  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Пешқадам ” “Хониши сиёсӣ” бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Қосимов Фирдавс  баргузор карда шуд.

Зимни суҳбат вобаста ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ намуда бандҳои алоҳидаи он ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Ҳамчунин вобаста ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ ва омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ибрози андеша карда шуд.