ҲАШАРИ ДАСТАҶАЪМОНА ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ИТТИФОҚ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атроф саҳмгузор бошанд.

Ба ҳамин хотир кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Иттифоқ” бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниӽо дар самти корӽои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар ТИ “Иттифоқ”-и Ҷамоати деҳоти 20-ги Истиқлолият шанбегӣ доир намуданд.

Мавриди зикр аст, ки кормандони  ин ташкилот бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани ҷуйборҳо, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохиливу берунӣ ва нарм намудани заминӽову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва барои боз ҳам зеботар намудани коргоҳи худ пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.