Кӯмак ба  ниёзмандон!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аёдати камбизоатон дар арафаи иду айёмҳо ва хабар гирифтани аз ҳолу аҳволи онҳо яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳумумати мамлакат буда, ҳама сола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кумакҳои моддию пулӣ карда мешавад.
Бо ин мақсад санаи 6-уми  марти  соли 2023 ба муносибати  Рӯзи “Модар”  Раиси  КИ ҲХДТ ноҳия Вахш-Салимова С.В ба  аёдати  сокини Ҷамоати деҳоти Ваҳдат Довудова Ҳилолби  рафт, дар ин лаҳзаҳои фараҳбахшу шодмонӣ аз ҳолу аҳволи эшон хабар гирифтанд ва ба онҳо кумаки яквақтаина расониданд.
Раиси Кумитаи мазкур зимни аёдат 8-мартро ба ҳар як оилаи онҳо табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва хушнудии рӯзгорро орзу намуданд. Зимни аёдат камбизоатон аз амалҳои хайр ва ғамхории Пешвои миллат, раиси ҳукумати ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон дуои нек карданд.Ёдовар мешавем, ки чунин иқдоми нек дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста идома дорад ва масъулини ноҳияи Вахш, аз ҷумла Кормандони Кумита дар ҳар иду ҷашнвораҳо аз ҳолу рӯзгори пирону маъюбон ва собиқадорони меҳнатӣ дидан намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба ин қишри ҷомеа кумакҳои пулӣ ва моддӣ расонида мешавад.