ОЗМУНИ “КАНИ ДУХТАРОН” БО ИШТИРОКИ РАИСИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ин раванди созандагиву ободкорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми хоса дошта, аъзои ин ҳизби мардумӣ ҳамчун нерӯи пешбаранда саҳми арзандаеро барои ободӣ ва гул-гулшукуфии кишвар мегузорад. Боиси зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад. Ин ташкилоти қудратманд тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳо, Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судмандеро ба роҳ мондааст.

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш  санаи 3-уми марти соли равон дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и Литсейи давлатии ноҳияи Вахш озмуни “Канӣ духтарон”  бахшида ба  “Рӯзи модар” баргузор гардид, ки дар он  муовини раиси ноҳия Вахш-Мамадализода Гулҷаҳон, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш-Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон-Ғуфурзода Рухсора, мутахассиси шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон-Мирзоева Зарина, собиқадорони шуъбаи маорифу тандурусти ва масъулини Кумита иштирок намуданд.

Озмуни мазкур, аз Саломнома, тарона дар васфи модар, суруди алла, парпечи кӯдак, буридани оши угро, тайёр кардани хуриш ва рақси якка. Мақсади озмуни мазкур- ин тарбия дар руҳияи ватандӯстӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, эҳтироми падару модар ва калонсолон, таҳамулпазирӣ,меҳнатдӯстӣ тарбия кардани хонандагон мебошад.

Сараввал Мамадализода Гулҷаҳон ба сухан баромада чунин қайд намуд: Модар олиҳаи зебоии зиндагӣ ва фариштаи пурҷило дар рӯи замин аст. Воқеан ҳам модар мураббии фарзандону нигаҳдорандаи чароғи хонадон аст. Зиндагӣ аз зан-модар сарчашма гирифта, ҳаётро бо навозишу созиш орову торро дода, бо сад ниёишу фаҳмиши модарона фарзандонро ба воя мерасонад.

Дар зери маҳфуми зан- модар мо як шахси ҳалиму меҳрӯбон, ғамхору заҳматкаш ва олиҳаи зебоии зиндагиро мебинем. Модар тарбиятгар, ғамхор, меҳрӯбон, дилсӯз ва даҳо дигар маҳфумҳо ифодагари олиҳаи зебоии зиндагӣ зан аст.Занро чароғи хонадон мегӯянд, ҳақиқатан хонаи бе зан сарду торик аст ва болои ҳамаи ин омӯзгору тарбиятгар аст.

Модар набии хонадон, гулафшони замину осмон, ба дунё оварандаи насли инсон аст. Дар ҳақиқат тамоми ҳастии дунё зебост, аммо модар аз тамоми ҳастии дунё авлотару зеботар аст. Бо омад-омади баҳори нозанину гулбасар занону модарони меҳрубони мо ҷашн доранд. Ҷашни «Рӯзи Модар»! Шуъоҳои нурбахши ин рӯзи фархунда ба занону модарон як руҳу илҳоми наву тоза мебахшад. Танҳо чизе, ки дар бораи ӯ метавон гуфт, ин аст, ки ӯ оғозу анҷоми ҳар меҳру муҳаббате аст ва ҳама муҳаббатҳо бо номи поку азизи ӯ таҷассум меёбад. Ҳамчунон, ки бидуни вуҷуди ӯ ҳама чиз торик ва дарҳо бастаанд, бори дигар месазад ба саломатии модар ва ҳамаи модарони азизи кишварамон дасти дуо ба даргоҳи Яздони пок бардошта, умри бардавомашон талабгору таманно намоем.

Дар охири озмун барномаи фарҳангии ҳунармандони бахши фарҳанги МИҲД –и ноҳияи Вахш манзури иштирокчиён гардонида шуд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш