Кӯмаки нафақаи ҳизбӣ барои маъюбон

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба маъюбони гурӯҳҳои якум, шахсони ниёзманд ва  оилаҳои камбизоат нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ  муқарар карда шудааст.

Дар доираи ин иқдом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба дидорбинии ду нафар маъюби гурӯҳи 1-уми сокинони Ҷамоати шаҳраки  Вахш  Гулова Сайлигул ва  Назаров  Бобохон   ба ҳар яки онҳо нафақаи ҳизбии  моҳи  феврали соли 2023 дар ҳаҷми 500 сомонӣ  дастрас намуданд.

Аёдат ва хабар гирифтан маъюбон ва камбизоатон яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат буда, ҳама сола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони шаҳру навоҳии кишвар ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кумакҳои моддию пулӣ карда мешавад.
Мутахассиси шуъбаи омор- Сатторов Ш зимни аёдат ба ҳар як оилаи онҳо саломатӣ ва хушнудии рӯзгорро орзу намуданд. Зимни аёдат  маъюбон, аз амалҳои хайр ва ғамхории Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон дуои нек карданд.