Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №51 ноҳияи Вахш      

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми феврали  соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 ноҳияи Вахш Соати сиёсӣ дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” гузаронида шуд.

Омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ҷ/д Машъали ноҳия ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳим ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 зимни мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат оид ба “Танзими расму оинҳо ва анъанаву маросимҳои миллӣ” таъкид бар он дошта буданд, ки то расму оин ва маросимҳои милливу диннии худро ба як низоми муайян надарорем, хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем ва ба зоҳирпарастии беасос хотима нагузорем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем. Маврид ба зикр аст, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баргузории ҷашну маросимҳо ва харҷу сарфи маблағҳои зиёд, куштани зиёди чорво роҳ дода мешуд, ки ҳамаи ин ба зиндагии рӯзмарраи мо таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардид. Дар робита ба ин, Президенти мамлакат, ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, зимни машваратҳо бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи ҳарчӣ зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷотҳои зиёд - ин қабули қонун аст.

Дар машғулиятҳои доиргардида инчунин аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шарҳу тавзеҳо дода шуд.