Соати сиёсӣ дар муассисаи таълимии №81 ноҳияи Вахш

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-уми феврали соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81 ноҳияи Вахш Соати сиёсӣ дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд.

Омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81-и ҷамоати деҳоти Машъали ноҳия ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳим ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд. 

Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун.

Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошанд, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд.

Дар қисми дуюми моддаи 34-и  Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили  ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Фарзанд азиз, одабаш аз он азизтар”. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад. Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад.

Дар машғулиятҳои доиргардида инчунин аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳо дода шуд.