СУҲБАТУ ВОХӮРИ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ.

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Тибқи нақша чорабинии Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш 9-уми феврали соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён ”–и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Вахш вохӯрӣ доир гардид.                                                

Дар вохӯрии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири бахши ҷавонон, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, намояндаи ташкилоти ибтидоии  “ Маорифчиён” ва  сархатиби ноҳия  иштирок намуданд. Намояндагони боло зикр доир ба мавзӯҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд, баланд, бардоштани  савияи дониши хонандагон дар рӯҳияи Ватаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбия намудани онҳо, пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва баланд бардоштани мақому манзалати занон, пешгирии  таълимоти динии ғайрирасмӣ, пешгирии худсӯзию худкушӣ дар амал татбиқ намудани  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми  навбатии хеш ироа намудан ва омода намудани даъвати ҷавонон ба хизмати  ҳарбӣ суханронӣ намуданд. 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш