САРСАБЗГАРДОНӢ МАҚОМУ МАРОМИ МОСТ!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо ва идораҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атроф саҳмгузор бошанд.

З-ин рӯ, кормандон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолон бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниӽо дар самти корӽои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар назди бинои МИҲД-и ноҳияи Вахш шанбегӣ доир намуданд. Бояд қайд намуд, ки кормандон бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохиливу беруни ва гирду атроф, нарм намудани заминӽову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва барои боз ҳам зеботар намудани коргоҳи худ пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш