ОБОДИИ ДИЁР МАРОМИ МОСТ!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда, ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атроф саҳмгузор бошанд.

Ба ҳамин хотир кормандону омӯзгорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниӽо дар самти корӽои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар МТМУ №17-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат шанбегӣ доир намуданд.

Мавриди зикр аст, ки кормандону омӯзгорони ин муассиса бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохиливу берунӣ ва гирду атрофи муассиса, нарм намудани заминӽову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва барои боз ҳам зеботар намудани коргоҳи худ пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.