КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ТИ “МАОРИФЧИЁН” БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сохтани қубурҳои симентӣ  дар атрофи маҳалли зист камари ҳиммат бастанд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона  баромаданд. Ҳар як инсон дар зиндагӣ бевосита ба чизе эҳтиёҷ дорад. Агар барои инсон пеш аз ҳама, муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку либос ва тансиҳатӣ лозим бошад, барои тарбияи инсони асил ва тифли баркамолу донишманд, мактабу омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд. Мактаб гулшани хамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулхои зиннатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист. Мактаб манбаи илму ҳунар, хислатхои вафодорӣ, дустӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист.

Дар ҷамоати шаҳраки Киров-и ноҳияи Вахш, аз тарафи падару модарон, яъне аъзоёни фаъоли ҳизб ба ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Вахш  се “Ноутбук” 10 ниҳоли ҳамешасабз кӯмаки хешро расонида истоданд. Ҳамеша мебояд кушид, сохибадаб буд, маърифатдӯст гардид, мактабро макони бузурги илму хирад хисобид ва аз он бебаҳра намонд.