КОРҲОИ ОБОДОНИ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ  ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сохтани муассисаса дар атрофи маҳалли зист камари ҳиммат бастанд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона  баромаданд.Ҳар як инсон пеш аз оне, ки бояд зиндагӣ кунад, бевосита ба чизе эҳтиёҷ дорад. Агар барои инсон пеш аз ҳама, муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку либос ва тансиҳатӣ лозим бошад, барои тарбияи инсони асил ва тифли баркамолу донишманд, мактабу омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд. Мактаб гулшани хамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулхои зиннатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист. Мактаб манбаи илму ҳунар, хислатхои вафодорӣ, дустӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист.                                                                                               

  Дар Ҷамоати 20-солагии ИТ-ноҳияи Вахш ,  аз тарафи падару модарон, яъне аъзоёни фаъоли ҳизб ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Вахш чор синфхонаи иловагӣ  бо таври ҳашар мавриди сохтан қарор доданду кӯмаки хешро расонида истоданд.                                                               

  Ҳамеша мебояд кушид, сохибадаб буд, маърифатдӯст гардид, мактабро макони бузурги илму хирад хисобид ва аз он бебаҳра намонд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш