КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИ ҲИЗБИИ “ПАХТАОБОД-3”

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАҲРИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ КАМАР БАСТЕМ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пахтаобод-3”-и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш корҳои ободонӣ бо вусъат идома дорад. Аъзоёни фаъоли ҳизб талош доранд, ки дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла ба сангфаршкунии гирду атрофи  маҳалли зист ва роҳҳои мошингарду пиёдагард камари ҳиммат банданд.

Аъзоёни фаъоли ҳизб бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ба ҳашари дастаҷаъмона  баромада, роҳрави мошингарди ҷамоатии мазкурро сангфарш карда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки чунин корҳои ободонӣ дар ин мавзеъҳо ҳармоҳа, аз тарафи аъзоёни фаъоли ҳизб гузаронида мешавад. Воқеан дар ин рӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои  созандагиву ободонӣ авҷ доранд.

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба корҳои ободонию созандагӣ бо иштироки масъулини Кумита  бо маром доир гардида истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки ташкилоти ҳизбии  мазкур  дар ободкоронӣ камари ҳиммат баста,  кучаю роҳравҳоро ободу зебо гардонда истодаанд.

Аз рафти кори онҳо мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ Нуралиева Мадина ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Худойбердиева Ҳалима  дидан намуданд.