Дарси сиёсӣ дар муассисаи таълимии №6 ноҳияи Вахш

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабинӣ дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбеи охири ҳар моҳ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон "Соати сиёсӣ" баргузор мегардад.

Санаи 31-декабри соли 2022 амалиёти навбатии Соати сиёсӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Вахш баргузор гардид, ки мавзӯи онро "Расонидани нуқтаҳои асосии Паём" ташкил медод.

Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳия ин иқдоми  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳим ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд. Чунончӣ ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

Дар машғулиятҳои доиргардида аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон дар баробари мавзӯи зикргардида, инчунин оид ба дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" шарҳу тавзеҳо дода шуд.