Амалиётҳои муштарак дар муассисаи таълимии №67 ноҳияи Вахш

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабинӣ дар доираи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбеи охири ҳар моҳ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон “Соати сиёсӣ”  баргузор мегардад. Мақсад аз баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ тарбияи наврасону ҷавонони 12-24 сола дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллату давлатдорӣ мебошад.

Аз ҷумла, дар амалиёти навбатии “Соати сиёсӣ”, ки санаи 26-уми ноябри соли ҷорӣ дар МТМУ №67 ноҳияи Вахш баргузор гардид, ки дар он маърӯзачиён оид ба мавзӯъҳои “нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи тоҷик”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ иқтисодии кишвар” ва дигар масоили вобаста ба даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ суханронӣ намуданд. Омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67-и ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳия ин ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро иқдоми шоиста ва хеле муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар машғулиятҳои доиргардида аз ҷониби омӯзгорон, фаъолони ҳизб дар баробари мавзӯъҳои рӯзмарра инчунин оид ба дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ибрози андеша намуданд.