ҲАШАРИ ДАСТАҶАЪМОНА

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Вахш якчанд иқдомҳои ободониву созандагиро  мавриди амал қарор доданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба тоза намудани ҳудудҳои оромгоҳҳо Аксияи ҳизбӣ зери  унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор гардида истодааст, ки ташаббускорон, сокинони маҳал дар якҷоягӣ бо валантиёрон  оромгоҳҳоро тоза карда истодаанд. Ин чорабинии оммавӣ дар асоси нақшаи  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш роҳандозӣ шуда, то имрӯз миёни мардум  ҳамовозии зиёд пайдо кардааст.

Дар доираи ҷонибдории ин ташаббус сокинони ноҳия ҳар моҳ рӯзи якшанбеи охир ба тоза намудани оромгоҳҳои маҳали хеш машғул мешаванд.