ТЕРРОРИЗМ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТ НАДОРАД

Темурмалик: Вокуниш  

ВОКУНИШ: Терроризм давлат ва миллат надорад, онҳо ҳама он хоинону бадхоҳони руйсиёҳе ҳастанд, ки танҳо мақсадашон парокандагиву ваҳшоният ва ҷаҳонро ба итоати хеш даровардан аст.

         Аммо беҳуда нагуфтаанд, ки рӯйи душман ҳамеша сиёҳ аст ва ба ҷойи дурусте  намерасанд.

Танҳо он нафаре  номи бешарафонаи терроризмро  соҳиб мегарданд, ки вуҷуди инсонии онҳоро хашму  кина, нафрат ва душманӣ фаро гирифта, хонаи иблиси  рондашуда аз ҷамъи одамон мебошад.

         Модоме, ки терроризм давлату миллат, қавму мазҳаб надорад, пас моро зарураст, ки танҳо ва танҳо баҳри оромиву осудагӣ ва дӯстиву ҳамдилӣ талош варзида, миллату давлати хешро аз чунин  хоинони бадхоҳ  ҳифз созем.

Тоҷикистони азизу нозанини мо зери сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз зебову дилрабо гардида, истода аст.

         Пешвои муаззами миллати сарбаланди тоҷик баҳри боз ҳам зебову зеботар аз ин ҳам хубтар гардидани ин сарзамини таърихӣ талош варзида, мо ҳамчун пайравони асили ин Қаҳрамони баруманди тоҷик даст ба даст, паҳлу ба паҳлу, истода ба ин Сарвару ин миллат хизмат хоҳем кард. 

          Дӯстиву рафоқат ҳамдиливу ҳамбастагӣ, ҷовидонагиву сарбаландӣ, иттиҳоду иттифоқро аз ғамхориҳову ҳидоятҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат дарёфтаем ва бо ин ганҷинаи беназири давлатдории хеш меболему дар фазои сулҳу суботаш роҳат зиндагонӣ дорем.

          Бигузор фазои Тоҷикистони зебову гулбасару гулбадомон ҳамеша базму суруд бошад. Мардуми заҳматкашу меҳнатдӯсташ осудаву ором зери ливои созандаву бунёдкор иттиҳоду иттифоқ ва баҳри пешравии миллати куҳанбунёди тоҷик зери ҳидоятҳои Сарвари олии мамлакат хизматҳои шоиставу шоён кунанд.

муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Б.