РӮДАКӢ РАФТУ МОНД ҲИКМАТИ Ӯ...

Ш.Шоҳин:  

Рӯзи 22-сентябри соли равон дар фазои сулҳу субот ва аз шароити мусоиди  давраи соҳибистиқлолӣ   истифода намуда  дар толори қасри фарҳанги ноҳия Шамсиддин Шоҳин рӯзи рудакихонӣ бо як шуқуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд.

Дар чорабинӣ инчунин иштирокчиёни озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва омузгорону кормандони соҳаҳои гуногун иштирок намуданд.

Сараввал раиси ноҳия  баромад намуда иштирокчиёни чорабиниро ба ин рӯз табрику таҳният намуда,  ғолибони озмунҳои номбурда бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Баъдан хонандагон аз  ҳаёт ва фаъолияти сардафтари адабиёти классики тоҷик, одамушуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  ёдовар шуда порчаҳо аз  ашъори устод қироат  намуданд. Сипас дар қисмати ниҳоии чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия, ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён” бо барномаи консерти хотири ҳозиринро  шод  гардонида ба чорабинӣ  ҳусни анҷом бахшидан.