ТАРБИЯ НАМУДАНИ НАСЛИ ҶАВОН ДАР РУҲИЯИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ.

Ш.Шоҳин:  

Бо мақсади эълон гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ноҳия пайваста дар байни аъзоёну кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия суҳбату вохуриҳо доир менамоянд.   

Дар таърихи 19-уми апрели соли равон масъулини ҳизбӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии №1-и ноҳия вохӯрӣ доир намуданд.

Мазмуну муҳтавои вахурӣ фарогири масъалаҳои рӯзмара аз қабили баланд бардоштани ҳисси  худогоҳиву хештаншиносӣ ва ватандӯстию меҳанпарастии насли ҷавон ба шумор рафта, таъкид гардид, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро набояд аз даст дод.  Ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ- ҳизби созандаю бунёдкор” ташкил карда шуда, аъзоёну кормандони аксарияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  ва  сокинони деҳаву маҳаллаҳои маркази шаҳрак дар аксияи ҳизбӣ иштирок намуда, дар ободиву тозагии як гӯшаи диёр саҳми хешро гузоштанд.      

                                                             

                                                      

     Суратгузориш аз ҷараёни баргузории аксияи ҳизбӣ: