Аксияи ҳизбӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид

Ш.Шоҳин:  

Дар таърихи 23-юми июни соли равон дар маркази шаҳрак бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бахшида ба сазовор истиқбол намудан аз 25-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллї аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ваҳдатат поянда бодо, Точикистон-кишварам!»доир гардид.

Масъулин дар якҷоягии ихтиёриёни ҳизбӣ дар байни сокинону кормандони касбу кори гуногун варақаҳои иттилоотиро тақсим намуда, онҳоро ба 25-солагии Рўзи ваҳдати миллӣ табрику шодбош намуданд.