БЕАҲАМИЯТӢ БОИСИ ҲАРГУНА БЕМОРИҲО МЕГАРДАД !

Ш.Шоҳин:  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бобати амали намудани  дастуру супоришҳои мақомотҳои  болоии ҳизбӣ ва тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб,  мунтазам дар байни ҳама табақаҳои ҷомеа, роҷеъ ба ҳамагуна масъала ва проблемаҳои ҳаррӯза  суҳбату вохурӣ, ва мулоқоту семинарҳо гузаронида мешавад.

Рӯзи 17 апрели соли равон ташкилоти ибтидоии “Ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар ҳамоҳангӣ бо ташкилоти ибтидоии “Ҳушанг” вохурӣ доир намуданд. Мавзӯи вохӯрӣ яке аз мавзӯи бисёр муҳиму саривақтӣ ин заҳролудшавӣ аз растаниҳои баҳорӣ  буд.

Гуфта шуд,ки чун имрӯзҳо дар ватани азизамон фасли зебои сол баҳор ҳукмфармост, табиат қабои сабзу махмалин ба  бар намуда ҳама рустаниҳо сар боло намуда аз шаъ-шаи офтоф ҷон гирифта чанд муддат сабзу муаттар ҳаёт ба сар мебаранд.

Ногуфта намонад,ки дар қатори растаниҳои  фоидаовару табобатӣ боз ҳастанд алафҳои бегонаи  заҳрнок, ки аз беаҳамиятии кӯдакон ё бепарвоию беназоратии калонсолон метавонанд боиси зашролудшавӣ  ваё  фавт гарданд. Аз ҳамин хотир,  волидон бояд назоратро аз рӯи хурдсолон ҷоннок намуда  оид ба ин масъала  дар  байни  аъзоҳои хурди оила фаҳмондадиҳӣ намоянд.

 

 

 

        Суратгузориш аз ҷараёни баргузории вохӯрӣ :