Чеҳраҳои хашини хоинони миллат пеши ҷомеаи башарӣ бори дигар ифшо гарида истодааст.

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

     Вокуниш: Дар шабакаи «Ютуб» солҳои ахир баромади муғризонаи узви «Паймони миллии Тоҷикистон» дар мавриди ҳаллу фасл намудани  масоили рӯзмарраи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро   тамошо кардему эҳсос кардем, ки ин асолатбохтаҳо ифротии равонианд. Зеро дар ҳар баромад сари ҳар мушкилие, ки суҳбат кунад ҳатман баъди «таҳлил»-и сарсари зери ниқоби миллат  сари давлату ҳукумат ва аҳли хонаводаи роҳбари давлат зарба мезананд.

     Андеша намекунад, ки бо вуҷуди туҳмату буҳтон ва иғвогароиҳои зиёд пушти манитори дурбинҳо аз хориҷа ин нохалафон баъди бозгашт бахшида нахоҳанд шуд. Вале  нохалафу хиёнаткор табиист, ки ҳеҷгоњ ислоҳ намешавад.

    Андешаи онҳоро дар мавриди ҳамлаи террористӣ ба маркази савдои  Крокус сити “Ҳолл”,ки дар  ин амалиёти нангини террористӣ як чанд шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчун гумонбари эҳтимолӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ кашида шуданд, то чанде тамошо мекардам ҳолати руҳиву равониам хаста мешуд. Дар баромади ин тоифаи хоинон як ду шахсиятҳои  дур аз сиёсату эҳсосотиро дарёфтам. Ба гуфти ин тоифаи хоин гӯё ба ҷуз онҳову  падари маънавиаш  Кабирӣ дигар касе  ҳавсалаи  ҳалли ин мушкилотро надорад. Онҳо боре ҳам андеша намекунад, ки дар муддати зиёда аз 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат  комиссияи босалоҳияти сатҳи ҳукуматӣ аз ҳар ду давлат дар ин масъала кору фаъолияти доранд.  

 Дуруст аст, ки ҳодисаи охири Москав барои мардуму миллат хеле дарднок аст. Зеро дар ин ҳодисаи нангин беш аз 144 нафар шаҳрвандони бегуноҳ ҷони азизи хешро аз даст дода, беш аз 500 нафар маҷруҳ гардиданд. Аламовар барои мо шаҳрвандони ҷомеаи мадании Тоҷикистон он аст,ки беш аз 500 ҳазор шаҳрвандони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Руссия қарор доранду иштирокчиёни эҳтимолии амали террористӣ ҳамватанонамон  дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.. Вале масъаларо аз роҳи тавтеаю зурӣ ва гарданшахӣ наметавон мусби ҳаллу фасл кард.

    Табиати мухолифин ҳамон гуна ҳаст, ки аз ҳар як мушкилоти миллат ҳукуматситезӣ мекунанд. Мехоҳанд, ки боз бо давом додани хиёнаткорӣ ва шур андохтани мардуми Тоҷикистон ҷанги навро дар кишвар аланга диҳанд.

          Барои барқарор намудани ҳақиқати таърихӣ мебояд бо ҳама буд, на аз дур санги маломат сӯи ҳамватанону ҳукумат партофтан.                                                     

Саъдуллоев Рамазон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Ш. Шоҳин.